Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ дар ҷараёни баргузории рейдҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт гардиданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, пас аз санҷиши ҳуҷҷатҳо аксари онҳо ҷавоб дода шуда, 22 нафари онҳо барои қонуншикании тартиботи будубош дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷаримабандӣ гардиданд. «Нисбат ба 8 шаҳрванди хориҷӣ асноди зарурӣ ҷиҳати фиристодани онҳо ба ватанашон таҳия гардида, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, соли гузашта барои ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон иқомат кардан 968 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷазои маъмурӣ ҷалб гардида, 186 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.