Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз таҳти раёсати котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар шаҳри Маскав ҷаласаи котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай доир гардида, дар он масоили таъмини амният ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои амнияти ҶТ иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов намояндагӣ мекунад.
Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми ҷаласа иштирокдорони онро президенти Русия Дмитрий Медведев ба ҳузур хоҳад пазируфт. «Дар кори ҷаласа ба ҷуз котибони шӯрои амнияти кишварҳои узви иттиҳод, инчунин Дабири кулли СҲШ Б.Нургалиев ва мудири Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии созмон М.Субанов низ иштирок мекунанд», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста