Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ Маликшо Неъматов ва раиси Шӯрои миллии ҷавонони Эрон ва дар як вақт ноиби президенти ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Эрон оид ба ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯбаи асноди баимзорасида густариши ҳамкорӣ дар бахши сиёсати ҷавонон пешбинӣ гардида, барои таҳияи нақшаи корӣ аз рӯи чорабиниҳои Ёддошт гурӯҳи кории дуҷониба таъсис дода шудааст. «Дар вохӯрии ҷонибҳо инчунин муовини аввали раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва муовини раиси Иттифоқи ҷавонони ҶТ Рустами Эмомалӣ низ ширкат варзиданд», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 18-уми май ҳайати Эрон бо олимони ҷавони Тоҷикистон мулоқот барпо кард, ки дар он сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва зиёда аз 100 олими ҷавон ширкат варзиданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста