Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Таъмири агрегати саввуми нерӯгоҳи «Норак» аввали моҳи июн ба анҷом мерасад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, мутобиқи нақша, мутахассисони ширкати русиягии ҶДММ «Бурейск СГ» насби таҷҳизоти агрегатро бояд то рӯзи 5-уми июн ба итмом расонанд. «Чархаи кории агрегати саввум дар корхонаи механикиву турбинаи Сумск (Украина) тайёр карда шуда, дигар қисмҳои эҳтиётӣ дар дохили кишвар, аз ҷмла, дар корхонаи «Текстилмаш» аз таъмири асосӣ бароварда шуданд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ аз таъмир баровардани таҷҳизот мутахассисони украинӣ даъват шудаанд ва онҳо аз рафти раванди истеҳсолоти технологӣ назорат мебаранд. «Айни замон дар корхонаи Сумск барои яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ чарха тайёр карда мешавад ва мутобиқи шартнома, он бояд то моҳи сентябр омода гардад», - гутфанд дар ширкат.
Зикр гардид, ки дар марҳилаи аввал қарор шуда буд, ки аз 9 чархаи корӣ дар корхонаи Сумск сетоаш тайёр карда мешавад, вале феълан масъалаи омода сохтани агрегатҳои боқимонда дар корхонаи «Турбоатом»- шаҳри Харкови Украина мавриди баррасӣ қарор дорад ва гуфтушунидҳо дар ин хусус ба марҳилаи ниҳоӣ расида, ояндаи наздик имзои қарордод дар назар аст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста