Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - 20 майи соли 2009 ба унвони Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ян Тсзечи барқияи ҳамдардӣ расид, ки матни он чунин аст:

«Бо эҳсоси изтироб аз хабари селу обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ дар кишвари Шумо, ки боиси талафоти ҷонӣ ва зарари зиёди моддӣ гардидааст, аз номи ҳамаи кормандони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва дар шахси Шумо ба пайвандон ва наздикони фавтидагон ва зарардидагон изҳори ҳамдардии амиқ ва тасаллият менамоям». Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.