Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар ҷаласаи Шӯрои сиёсати молиявӣ ва иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС) дар шаҳри Маскав қарор шуд, ки Тоҷикистону Қирғизистон ва Арманистон ба Фонди зиддибӯҳронии иқтисод ҳар яке ба маблағи 1 млн. доллари ИМА ҳиссагузорӣ мекунанд.

            Тибқи иттилои хабаргузории РИА «Новости», Фонди зиддибӯҳронии иқтисод баҳри дастгирии кишварҳои узв дар муддати се моҳи оянда ба фаъолият оғоз мекунад. Вазири молияи Русия Кудрин қайд кардааст, ки дар ҷаласаи шӯро як қатор қарорҳои муҳим, аз ҷумла, нақшаи тадбирҳои зиддибӯҳронӣ қабул гардида, лоиҳаи қарордод оид ба таъсиси фонди зиддибӯҳронӣ тасдиқ шудааст.

            Ба гуфтаи Кудрин, ба ҷуз Белорус, дигар кишварҳои узви иттиҳод ҳаҷми ҳиссаи худ ба фондро муайян кардаанд. Сармояи фонд 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, ҳиссаи Русия ба 7,5 млрд., Қазоқистон – 1 млрд. ва Тоҷикистону Қирғизистону Арманистон ҳар яке 1 млн. доллари ИМА мебошад.

            Дар навбати аввал кишварҳо 10 дарсад аз ҳаҷми маблағи ба зимма гирифтаашонро ба фонд ворид месозанд ва қарори ҷудо кардани маблағ аз ин ҳисоб ба кишварҳои узви иттиҳод аз ҷониби Шӯрои фонд қабул карда мешавад. Ҳамаи вазирони молияи кишварҳои узви ЕврАзЭС шомили ин шӯро хоҳанд буд.