Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори раёсати таҳқиқот дар бахши иҷтимоӣ ва бозори меҳнати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов бар ин назар аст, ки дар шароити бӯҳрони молӣ коҳиши қурби сомонӣ то моҳи август идома ёфта, то 5 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар хоҳад шуд.

            Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» номбурда изҳор дошт, ки дар шароити бӯҳрони молӣ болоравии қурби доллари ИМА, бахусус дар фасли баҳор ҳодисаи муқаррарист, зеро дар давраи моҳҳои январ-июл мавсими киштукор оғоз гардида, захираҳои асъории кишвар коҳиш меёбанд ва табиист, ки талабот ба он афзуда, коҳиши қурби асъори миллӣ ба мушоҳида мерасад. «Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, паст шудани арзиши маҳсулоти асосии содиротии кишвар (нахи пахта ва алюминий) ва ҳамчунин коҳиши қурби асъори миллии кишварҳои асосии шарики тиҷоратии Тоҷикистон (Русия ва Қазоқистон) сабабҳои асосии коҳиши қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА мебошанд», - мегӯяд ӯ.

            Ба қавли Ф.Саидов, таъсири манфии коҳиши асъори миллӣ ба иқтисоди кишвар аллакай ба таври қобили мулоҳиза ба мушоҳида мерасад: дар натиҷаи норасоии асъори захиравии ҷаҳонӣ содироти маҳсулот коҳиш ёфта, мутаносибан арзиши маводи аввалияи ниёзи мардум дар бозори дохилӣ боло меравад.

            Ф.Саидов мӯътақид аст, ки коҳиши қурби асори миллӣ то моҳи август идома ёфта, сипас дар сатҳи муайян қарор хоҳад гирифт. «Шурӯъ аз моҳи сентябр қурби асъори миллӣ нисбат ба доллари ИМА шояд боло равад», - пешгӯӣ мекунад ӯ.

            Дар ҳамин ҳол, Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии асъори миллӣ нисбат ба долллари ИМА-ро дар сатҳи 4,33 сомонӣ барои 1 доллари ИМА муқаррар кардааст.

            Қобили зикр аст, ки бар асари болоравии қурби доллар, ҳаҷми савдои молу маҳсулот дар бозори бузургтарини пойтахт – «Корвон» бамаротиб поин рафт.