Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар мусоҳиба ба шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ охири сол боздошта хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди кишвар аз оғози соли оянда шурӯъ гардида, вале ин пешравӣ танҳо нисбат ба соли бӯҳронӣ хоҳад буд. «Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ нишондиҳандаи рушди иқтисоди ҷумҳурӣ 2,9 дарсадро ташкил дод, ҳарчанд мо танҳо 2 дарсадро интизорӣ доштем ва дар моҳҳои минбаъда рушди он босуръаттар мешавад», - гуфт ӯ.
С.Наҷмиддинов зикр кард, ки айни замон бо мақсади коҳиши таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисод, вазорат ба маблағгузорӣ дар бахши воқеии иқтисоду соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад. «Ҳаҷми маблағи норасоии қисми даромади буҷаи кишвар 200 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва мо умедворем, ки ин маблағро аз хориҷи кишвар дарёфт намоем», - баён дошт вазири молия.
Вазир инчунин гуфт, рӯзҳои наздик бо созмонҳои мададрасони муқими Тоҷикистон мулоқоти дуввум баргузор гардида, дар он масъалаи таъмини кишвар бо кӯмаки иловагӣ баррасӣ мешавад. «Ҳамзамон мо умедворем, ки пас аз ташаккули комили буҷаи Фонди зиддибӯҳронии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, аз ин ҳисоб низ моро дастгирӣ хоҳанд кард», - афзуд С.Наҷмиддинов.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста