Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Бо дастгирии Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) 13 нафар афсарони Ситоди кулли Вазорати мудофиа воситаҳои ҳамгиройии ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ ба доктринаҳои ҳарбиро омӯхтанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз КБСС бо такя ба гуфтаҳои вакили КБСС оид ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои мусаллаҳ ва амнияти кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ Жорж Без иттилоъ доданд, семинар рӯзҳои 19-21-уми май доир гардида, аз нигоҳи омӯзиши раванди ҷорисозии ҷанбаҳои ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ зимни қабули қарор барои афсарон хеле муфиду муҳим буд.
Ба иттилои манбаъ, дар зарфи се рӯз ба афсарон роҷеъ ба масоили ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ маърӯзаҳо пешкаш гардида, ба онҳо оид ба усулҳои байнулмилалӣ, истифодаи нишонаву тамғаҳо, ҳисси масъулият доштани фармондеҳон зимни қабули қарор, ҳифзи аҳолӣ ва дигар масоили марбут ба ҳуқуқи байнулмилалии гуманитарӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста