Душанбе.22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ баъди анҷоми боздиди расмӣ аз Арабистони Саъудӣ озими Сурия гардид.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ итилоъ доданд, дар ҷараёни сафар Ҳ.Зарифӣ дар кори иҷлосияи 36-уми Машварати вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Конфронси исломӣ, ки рӯзҳои 23-25-уми май дар шаҳри Димишқ – пойтахти Сурия доир мегардад, ширкат ва суханронӣ хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар баробари ширкат дар конфронс, вазири умури хориҷии ҶТ ҳамчунин бо ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви СКИ ва намояндагони воломақоми Сурия низ дидору гуфтушунид мекунад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста