Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ғолибони бурсҳои Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соли 2009-ро эълом дошт. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома ба панҷ созмони ҷамъиятӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бурсҳо ҷудо карда мешаванд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БҶ дар ҶТ иттилоъ доданд, мавзӯи асосии Барномаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар бахшида шудааст. «Барои соҳиб шудан ба бурсҳо 63 созмони маҳаллии ҷамъиятӣ лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд, ки аз онҳо комиссия 5-тоашро интихоб намуд ва ба ғолибон баҳри амалисозии лоиҳаи пешниҳодкардаашон аз 5 то 10 ҳазор доллари ИМА маблағҳои бурсӣ ҷудо гардида, ҳаҷми умумии он 45 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, дар Тоҷикистон созмони ҷамъиятии «Академияи мухобироти оммавӣ», иттиҳодияи ҷамъиятии (ИҶ) «Маркази фанновариҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ», Маркази тоҷикистонии дастгирии ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занон ва ҷавонони «Фемида», ИҶ «ШОТО» ва ИҶ «Маркази ташбаббускори ҷавонони «Тараққиёт» соҳиби маблағҳои бурсӣ гардиданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста