Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе нахустин форуми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ ба кори худ оғоз менамояд. Дар Форум ғайр аз соҳибкорони ҳар ду кишвар намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Пеш аз оғози чорабинӣ вохӯрии Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайъати Мамлакати Арабистони Саудӣ доир мегардад.

           Ба ҳайъати саудӣ Абдураҳмон ибни Али ал-Ҷирайсӣ – муовини Раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ, раиси Палатаи тиҷоратӣ-саноатии Ар-Риёз, Юсуф Абдуллоҳ Ақилӣ Зайфуллоҳ ал-Авҳалӣ – Роҳбари Барномаи Саудӣ оид ба рушди содирот, доктор Ақилӣ Зайфуллоҳ Ҳавоҷӣ – Мудири кулли лоиҳаи «Янбуъ», ташкилоти минтақавии подшоҳӣ – ал-Ҷибайл ва Янбуъ ва ғайра шомиланд.

Соҳибкорони Арабистони Саудӣ аз намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ, маориф, тандурустӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, асал, оби нӯшиданӣ ва ғайра иборатанд.

Дар маросими кушодашавии форум суханҳои табрикии Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Ҳамралиев, Раиси Палатаи савдои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Саидов, муовини раиси Шӯрои Палатаҳои Саудӣ Абдураҳмон ибни Алӣ ал-Ҷирайсӣ садо хоҳанд дод.

Дар рафти ин чорабинӣ вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба рушди иқтисодиётро муаррифӣ хоҳанд кард. Ҳамчунин мавзӯи ҷалби бахши хусусӣ ба иқтисоди кишвар, рушди сайёҳӣ, энергетика ва саноат, нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Мулоқот ва табодули назари соҳибкорон дар бахшҳои «Энергетика ва саноат», «Сайёҳӣ», «Тандурустӣ» ва «Нақлиёт ва коммуникатсия» баргузор гардида, лоиҳаҳои соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ ва роҳҳои татбиқи онҳо муҳокима хоҳанд шуд. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.