Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти раҳбарии ҳаракати «Толибон» Эрону Тоҷикистонро аз оқибатҳои ногувори дастгирӣ кардани маъракаи мубориза бо онҳо ва идомаи ҳамкорӣ дар ин самт бо ИМА ҳушдор додааст.

            Дар мусоҳиба ба шабакаи телевизонии «Ал-Ҷазира» сарвари шӯрои сиёсии ҳаракати «Толибон» дар Афғонистон Абдул Васа Оғоҷон Муҳтасим изҳор доштааст, ки розигии Тоҷикистон дар мавриди интиқоли борҳои ғайринизомии ИМА ба Афғонистон тавассути қаламраваш маънои онро дорад, ки ин кишвар низ дар роҳандозии амалҳои зӯроварӣ ва таҷовуз нисбат ба дини ислом ва Афғонистон шарик аст.

            Тибқи иттилои хабаргузории ВВС,   Абдул Васа Оғоҷон Муҳтасим аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки аз ҳамкорӣ бо Кохи Сафед дар ин маврид даст кашад, вале аз посухи мушаххас оид ба чӣ иқдоме пеш гирифтан дар сурати идомаи ҳамкории Тоҷикистон бо ИМА худдорӣ намудааст.

            Тибқи маълумоти ВВС, мақомоти расмии Душанбе гуфтаанд, ки ба изҳороти гурӯҳҳои ғайрирасмӣ вокуниш нишон нахоҳанд дод, вале хадамоти дахлдор чунин изҳоротро мавриди баррасӣ қарор дода, тадбирҳо меандешанд.

            Дар ҳамин ҳол, коршиносони кишвар аз таҳдиди ҳаракати «Толибон» изҳори нигаронӣ доранд. Ба назари коршиносони бахши низомӣ, изҳороти ҷонибдорони ҳаракатро набояд нодида гирифт. Дар мусоҳиба ба хабаргузории ВВС сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор доштааст, ки «мо воқеъаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрикоро хуб дар хотир дорем ва агар «Толибон» он замон дар Амрико ба чӣ қодир будани худро нишон дода бошанд, пас чаро наметавонистаанд онро дар яке аз кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ созанд?»

            А.Мамадазимов афзудааст, начандон дуртар аз кишвари мо ( 300 км дуртар аз Ишкошими Тоҷикистон) маъракаи муборизаи мусаллаҳона бо «Толибон» идома дорад ва намояндагони он гурӯҳҳое, ки аз шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил гардидаанд, метавонанд аз қисмати асосии нерӯҳои ҳаракат ҷудо шуда, ба шимол, ба хонаҳои худ баргарданд.