Душанбе. 23-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» за Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ба ин муносибат дар маркази фарҳангу ҷавонони «Ориёно» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси кумита Маликшо Неъматов ва мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Дилором Мирсаидова ширкат ва суханронӣ намуда, аз як қатор озмуну мусобиқот, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои Ҳафтаи ҷавонон (17-23-юми май) баргузор шуда буд, натиҷагирӣ карда шуд.

            Ба ғолибони мусобиқаи футбол – дастаи ВКД ва озмуни аз ҷониби радиои «Ватан» таҳти унвони «Тоҷикистон - хона ва умеди мо» ташкилшуда мукофотпулӣ ба маблағи то 1 000 сомонӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. «Ҷамъомади тантанавӣ бо консерти устодони санъат анҷом пазируфт», - гуфт манбаъ.

            Зикр гардид, ки чорабиниҳои ҷашнӣ шоми имрӯз дар боғҳои фароғати «Кӯли ҷавонон» ва «Дӯстии халқҳо»-и пойтахт идома хоҳад ёфт.

            Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳамасола рӯзи 23-юми май дар Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад. Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, 62,3 дарсади аҳолии ҳафтмиллионнафараи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд.