Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон рӯзи 29-уми май дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шӯъбаи ҳамкории байнулмилалии агентӣ Абдулҳамид Норов иттилоъ дод, конфронс аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ созмон дода шуда, баҳри иштирок дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон даъват шудаанд. «Иштирокдорони конфронс масъалаи механизмҳои табодули иттилоот дар кори мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуда, таҷрибаи Тоҷикистон дар кори таъсиси агентии зидди маводи нашъаоварро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки иштирокдорон ва меҳмонони конфронс рӯзи 30-юми май дар ҷамъомади тантанавӣ ва консерт бо иштироки мақомоти раҳбарии кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста