Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - 27-28 май дар ш. Душанбе дар чаҳорчўбаи Барномаи иттилоотии Ш ӯ ъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти « Ҷ амъияти Кушода» Бунёди Мадад – То ҷ икистон Олимпиадаи CISCO оид ба технологияҳои иттилоотии шабакав ӣ баргузор мегардад.

             Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» менеҷери лоиҳаи «Олимпиадаи Cisco NetRiders Tajikistan 2009»   Сарафроз Мавлонов иттилоъ дод, Академияи Шабакавии CISCO, ки дар назди Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсион ӣ амал мекунад, бо дастгирии Шўъбаи То ҷ икистонии Институти « Ҷ амъияти Кушода» Бунёди Мадад – То ҷ икистон, инчунин бо кўмаки техникиии Бунёди Ҷ амъиятии Ташаббуси Шаҳрвандии Сиёсати Интернет дар То ҷ икистон гузаронидани нахустин Олимпиадаи “NetRiders Tajikistan 2009” –ро дар нақша дорад.

             «Мақсади асосии гузарондани Олимпиада дар байни ҷ авонон маъмул гардондани ТИК ва мусоидат ба рушди захираҳои башар ӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатив ӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои ҳамгироии Ҷ умҳурии То ҷ икистон бо шабакаи васеи иттилоот ӣ ва додани имконият ба ҷ авонони То ҷ икистон дар бобати нишон додани малакаю истеъдоди худ, инчунин ёр ӣ расондан ба онҳо баҳри баланд бардоштани бовар ӣ ба қувваю дониши худ мебошад», - гуфт ӯ.

             Ба қавли номбурда, дар Олимпиада шунавандагони Академияҳои Шабакавии Сisco, ки дар қаламрави Ҷ умҳурии То ҷ икистон таҳсил мекунанд, инчунин ҳамаи хоҳишмандон аз ҷ умлаи дониш ҷ ўёни мактабҳои олии Ҷ Т метавонанд иштирок кунанд.