Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - «То он даме, ки зиндаам, баҳри халалдор насохтани суботу амният дар минтақаи Рашт кӯшиш ба харҷ хоҳам дод», - изҳор дошт дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» собиқ вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Мирзо Зиёев.
Номбурда гуфт, вазъ дар минтақа мӯътадил аст ва ӯ чанд рӯзи ахир аз ноҳияи Тавилдара боздид карда, мардумро ба оромӣ даъват кардааст.
Ба гуфтаи М.Зиёев, чанд рӯзе қабл ӯ бо муовини вазири мудофиаи ҶТ Ғайрат Адҳамов дар минтақа мулоқот доштааст. Ғ.Аҳмадов ҷиҳати назорати ҷараёни амалиёти «Кӯкнор-2009» ба минтақа сафар карда буд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан дар ВАО хабаре интишор гардид, ки гӯё дар минтақаи шарқи кишвар дастаи мусаллаҳи собиқ қумондони нерӯҳои мухолифини тоҷик Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) фаъол шудааст.
Дар Тавилдара вазъ чӣ гуна аст? Магар ҳақиқатан ҳам Мулло Абдулло ба минтақа омадааст? Айни замон Мирзо Зиёев чӣ машғулияте дорад? Ба ин суолҳо шумо дар шумораи навбатии ҳафтавори «
Asia
-
Plus
» посух пайдо хоҳед кард.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста