Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва литсейҳои ҷумҳурӣ барои хатмкунандагон маросими «Занги камолот» баргузор шуд. Соли равон дар ҷумҳурӣ 84 ҳазору 309 хонандаи синфи 11 ва 153,7 ҳазор толибилми синфи 9 мактабро хатм мекунанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати маорифи ҶТ иттилоъ доданд, маросими мазкур муддати як соат идома ёфта, сипас хонандагон тибқи нақшаи таълим ба дарсҳо сафарбар шуданд.
Дар маросими ботантана хатмкунандагонро намояндагони Вазорати маориф, роҳбарони шӯъбаҳои маорифи шаҳриву ноҳиявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон ва волидайни толибилмон табрик намуданд.
Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз соли 2007 мувофиқи фармоиши президенти Тоҷикистон, бо мақсади сарфаи хароҷот аз ҷониби волидайн ва таъмини амнияти хатмкунандагон баргузории чорабиниҳои мактабӣ бахшида ба «Занги охирин» ва «Иди алифбо ва ҳамчунин доир сохтани сайругашти хатмкунандагон бо мошинҳо дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ» мамнӯъ эълон гардид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста