Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - 23 майи соли 2009 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ бо раиси ҳайъати Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Анвар Қарқош бо дархости ӯ вохӯрд.

Ҳамрохон Зарифӣ ва Анвар Қарқош зимни сӯҳбат аз динамикаи рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд.

Вазири аморотӣ ба ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии ташаббуси кишвараш барои пазироии қароргоҳи Ожонси нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) изҳори қадрдонӣ карда, онро нишонаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар донист. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ хабар доданд.