Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавзеъи наздики шаҳри Душанбе махфигоҳи бузурги аслиҳаву муҳимот ошкор шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил зимни азанзаргузаронии мавзеъи Холмурод дар ноҳияи Ваҳдат махфигоҳеро ошкор сохтанд, ки аз он туфангчаи ТТ, 11 норинҷафкани «Муха», 3 адад детонатор барои аслиҳа, 20 адад муҳимоти гуногун, 7 дастгоҳи тротил, 9 адад электродетонатор, 65 тирдон, як норинҷаки Ф-1, 15 дастгоҳи тарканда, 3 ҳазору 802 дона тири андозаи гуногун ва сарулибоси зиреҳпӯши низомӣ пайдо шуд.

Мувофиқи маълумоти фаврии Вазорати умури дохилии ҶТ, соли ҷорӣ кормандони милиса дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 500 адад силоҳи оташфишонро мусодира карданд.