Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» сарбозони нерӯҳои марзбонии КДАМ дар ҳамдастӣ бо кормандони АНМН рӯзи 23-юми май дар мавзеи Зиғар Валвалаки ноҳияи Дарвоз амалиёти вижа доир сохтанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ доданд, пас аз задухӯрди мусаллаҳона дар ин мавзеъ гурӯҳи қочоқбарон ба Афғонистон паноҳ бурда, дар маҳали ҳодиса 20 кило маводи мухаддир дарёфт гардид. «Ғайр аз ин, рӯзи 25-уми май дар натиҷаи баргузории амалиёти навбатӣ дар мавзеи Паткмоу-Сари Оби ҳамин ноҳия 10 нафар узви гурӯҳи қочоқбар боздошт шуда, аз онҳо ба миқдори умумии ҳудуди 65 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.
Тибқи малумоти манбаъ, ин гурӯҳ ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои узви ИДМ машғул будааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста