Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии То ҷ икистон дар ҷ аласаи р ӯ зи 25-уми майи худ дархости ҲНИТ дар мавриди таъйиди ваколати номзади ин ҳизб аз р ӯ йхати умумии ҳизб ӣ барои ворид шудан ба порлумонро рад кард.

ҲНИТ зимни номае хостори таъйиди ваколати Муҳаммадал ӣ Ҳайитов аз р ӯ йхати умумии ҳизб ӣ ба ҷ ои Муҳаммадшарифи Ҳимматзода шуд. ҲНИТ дар порлумон соҳиби ду курс ӣ аст, ки як вакили ин ҳизб Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ваколати худ даст кашид.

Акнун ҲНИТ даҳ р ӯ з фурсат дорад то ба Додгоҳи Олии То ҷ икистон аз болои қарори КМИР шикоят барад.

Мирзоал ӣ Болтуев, раиси КМИР-и То ҷ икистон мег ӯ яд, тибқи талаботи қонунгузории То ҷ икистон ин комиссия ба дархости ҲНИТ дар бораи таъйиди нафари севум аз р ӯ йхати ҳизб ӣ ба ҷ ои вакили истеъфодода посухи рад додааст. Ба гуфтаи оғои Болтуев, банди 57-и Қонуни интихоботи Ма ҷ лиси Ол ӣ дар м ӯ ҳлати то як соли дигар боқ ӣ мондан ба интихоботи навбат ӣ баргузории интихобот ва таъйиди ваколати номзадҳо аз р ӯ йхати ҳизбиро манъ кардааст.

Аммо мақомоти ҲНИТ чунин иддао доранд, ки қарори КМИР муғойир ба Қонуни интихоботи ма ҷ лис аст. Ба иддаои онҳо, дар банди 57-и қонуни мазкур ро ҷ еъ ба интихоботи такрор ӣ дар ҳавзаҳои инфирод ӣ сухан меравад, на дар мавриди таъйиди ваколати номзад аз р ӯ йхати ҳизб ӣ . Мақомоти ҲНИТ мег ӯ янд, барои ворид шудани номзади онҳо ба порлумон баргузории интихобот шарт нест, фақат кофист, ки КМИР барои таъйиди ваколати ӯ ба порлумон пешниҳод ироа кунад. Ҳикматулло Сайфуллозода, ки ҲНИТ-ро дар и ҷ лосияи КМИР намояндаг ӣ мекард, гуфт, акнун ҳизбаш ба Додгоҳи ол ӣ муро ҷ иат хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки раиси КМИР низ мег ӯ яд, агар Додгоҳи Қонуни асос ӣ ё Ма ҷ лиси Намояндагон тафсире дар ин маврид ироа кунанд, ки и ҷ оза бидиҳад, намояндаи ҲНИТ ваколаташ таъйид шавад, КМИР низ бар асоси ин тафсир амал хоҳад кард.

Аммо дар ҳамин ҳол, Аш ӯ рбой Имомов, ҳуқуқдони то ҷ ик ва раиси собиқи Додгоҳи Қонуни асосии То ҷ икистон дар шарҳи ҳуқуқии ин масъала мег ӯ яд, дар сурате, ки КМИР чунин қарор кардааст ва ҲНИТ низ барои дарёфти тафсир ба Ма ҷ лиси намояндагон ва Додгоҳи Қонуни асос ӣ муро ҷ иат намудааст, бояд интизор буда ва дид, ки ч ӣ посухе бар меояд.

Дар ҳар ҳол, мег ӯ янд бархе коршиносон, пеш омадани ин баҳс ва чандин маврид баҳси дигар дар ин замина зарурати такмил ва ислоҳоти қонунгузории То ҷ икистон дар мавриди интихоботи ма ҷ лисро бештар р ӯ шан мекунад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.