Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Сатҳи таваррум дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон дар моҳи апрели соли 2009 ба андозаи 0,1 фоиз коҳиш ёфта, аз аввали сол 1,1 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 банди фоиз ӣ паст мебошад.

Нишондиҳандаи феълии таваррум дар ин давра аз ҳисоби тағйирёбии нархи маҳсулоти озуқа 0,3 фоиз, маводи ғайриозуқа 0,4 фоиз ва хизматрасонии пул ӣ 6,4 фоиз ба амал омад.

Дар ҳаин ҳол, тибқи маълумоти фавр ӣ, ҳа ҷ ми Ма ҷ м ӯ и маҳсулоти дохил ӣ (ММД) дар моҳҳои январ-апрели соли равон 4 426,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши воқеии он бо нархҳои муқоисав ӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 фоизро ташкил дод.

Рушди иқтисодиёт дар ин давра асосан аз ҳисоби афзудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварз ӣ 8,5 фоиз, соҳаҳои сохтмон 7,2 фоиз ва хизматрасон ӣ 1,7 фоиз ҷ араён гирифт. Ҳа ҷ ми истеҳсоли маҳсулоти саноат ӣ бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,9 фоиз коҳиш ёфт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.