Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - 24 майи соли 2009 Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии То ҷ икистон Ҳамрохон Зариф ӣ дар ҳошияи и ҷ лосияи 36-уми Шўрои вазирони корҳои хори ҷ ии давлатҳои узви Созмони Конфронси ислом ӣ дар Димишқ бо Вазири корҳои хори ҷ ии Ҷ умҳурии Ироқ Ҳушёр Зибор ӣ мулоқот ан ҷ ом дод.

Ҳангоми сўҳбат масъалаҳои гуногун мавриди баррас ӣ қарор гирифта, пеш аз ҳама алоқамандии ду кишвар барои барқарор намудани муносибатҳои дўст ӣ ва ҳамкор ӣ таъкид гардид.

Мавз ӯ и ташаббуси Президенти Ҷ умҳурии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон дар бораи Соли бузургдошти Имоми Аъзам Абуҳанифаи Нўъмон эълон гардидани соли 2009 дар маркази диққати ҳамс ӯ ҳбатон қарор гирифт. Дар робита ба ин, зимни қадрдон ӣ аз бузургдошти ин чеҳраи намоёни ҷ аҳони ислом, Вазири корҳои хори ҷ ии Ироқ иброз намуд, ки намояндагони кишвараш дар чорабиниҳои ҷ ашн ӣ дар Душанбе фаъолона иштирок хоҳанд кард.

Вазири ироқ ӣ ҳамчунин ба мулоқотҳои сегонаи вазирони корҳои хори ҷ ии То ҷ икистон, Афғонистон ва Эрон ҳангоми ҷ ашни Наврўз мароқи калон зоҳир намуда, омодагии худро барои иштирок дар мулоқоти ояндаи онҳо изҳор дошт. Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.