Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз вазири мудофиаи Қазоқистон Даниял Аҳмедов ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев иттилоъ дод, дар доираи сафари дурӯза вазири мудофиаи кишвари ҳамсоя бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, раиси ММ МО ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва дигар шахсони расмӣ дидору гуфтушунид мекунад.
Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, зимни вохӯрии вазирони мудофиаи Қазоқистону Тоҷикистон баррасии масоили ҳамкории дуҷониба дар соҳаи низомиву техникӣ, баргузории тамринҳои низомии муштарак ва дар муассисаҳои таълимии ҳарбии Қазоқистон тайёр кардани кадрҳои низомӣ барои Артиши миллии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста