Кӯлоб. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар ноҳияи Мӯъминобод барномаи курсҳои омӯзишии дусолаи Дафтари Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб оид ба парвариши занбӯри асал ҷамъбаст шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ 20 нафар курсҳои омӯзиширо хатм намуда, ба онҳо 80 оилаи занбӯри асал ва таҷҳизоти зарурии парвариши он тақдим гардид.

            Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дафтари Бунёди Оғохон дар минтақаи Кӯлоб изҳор дошт, ки барномаи мазкур ба ҷуз ноҳияи Мӯъминобод, дар ноҳияҳои Ховалинг ва Шӯрообод амалӣ гардида, дар зарфи ду сол дар ин ноҳияҳо 68 нафар курсҳои омӯзиширо хатм намудаанд. «Баҳри фаъолияти мустақилона хатмкардагони курсҳо бо 250 оилаи занбӯри асал таъмин карда шуданд», - афзуд манбаъ.