Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи ахир дар шаҳри Душанбе арзиши бензин ба андозаи 30 дарсад боло рафт. Агар аввали ҳафтаи гузашта нархи бензини нави АИ-92 ба 2,30 сомонӣ баробар буд, имрӯз арзши он ба 3 сомонӣ расидааст. Мутаносибан арзиши навъҳои дигари он низ зиёд шуд.
Намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ болоравии нархи бензинро ба афзоиши қурби асъор дар кишварҳои таъминкунандаи Тоҷикистон бо маводи сӯзишворӣ ва оғози мавсими киштукор дар ин кишварҳо марбут медонанд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, феълан 80 дарсади воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро ҶДММ «Газпромнефт – Тоҷикистон», ҶДММ «Тоҷирон» ва «Умед» таъмин месозанд. Маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия (ҳудуди 70 дарсад), Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ба ҷумҳурӣ ворид мегардад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста