Душанбе. 27-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Созмони Милали Муттаҳид баҳри кӯмак ба сокинони аз офатҳои табиӣ осебдидаи Тоҷикистон 118 ҳазор $ маблағ ҷудо намуд.
Тибқи гузориши Маркази иттилооти СММ, чанде қабл дар ҷамъи рӯзноманигорон котиби матбуотии
Дафтари ҳамоҳангкунии масоили гуманитарии СММ Элизабет Бирс таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муроҷиати Тоҷикистон оид ба рафъи оқибатҳои табиӣ ҷалб кардааст.
«Ҳукуматдорони Тоҷикистон хабар додаанд, ки бар асари резиши селу ярч ва лойқаву обхезӣ дар маҷмӯъ 15 ҳазор нафар осеб дида, аз онҳо 10 ҳазор нафарашон аз
ҷ
ои худ бе
ҷ
о шуданд ва 18 нафар ба ҳалокат расиданд», - гуфта мешавад дар гузориши СММ.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми зарари расидаро 100 млн. $ арзёбӣ намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак пурсид.
Дар посух Дафтари ҳамоҳангкунии масоили гуманитарии СММ бо назардошти ҳолати фавқулодда, ба сифати кӯмаки нахуст 118 ҳазор $ маблағ ҷудо кард. А
з дигар кишварҳову созмонҳои мададрасон даъвати дастгирии чунин иқдом ба амал оварда шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста