Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - То 20-уми майи соли ҷорӣ хоҷагиҳои пиллапарварии ҷумҳурӣ зиёда аз 850 тонна пилла тайёр карданд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ Тоҷинисо Азизова иттилоъ дод, соли ҷорӣ хоҷагиҳо тибқи нақша бояд 2 ҳазору 729 тонна пилла тайёр намоянд. «Хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор 30 тонна пилла парвариш карда, иҷрои нақшаро дар ҳаҷми 101 дарсад таъмин сохтанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Т.Азизова, соли ҷорӣ ба хоҷагиҳо 45 ҳазор қуттии кирмак тақсим карда шуд, ки 10 ҳазор қуттии он дар дохил ва ҳудуди 34 ҳазори он дар хориҷи кишвар парвариш ёфтааст. «Тақсими қуттиҳо то 15 март идома ёфта, ҳамаи хоҷагиҳо бо миқдори зарурии қуттии кирмак таъмин гардиданд», - афзуд вай.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста