Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Миёни ҳукумати ҶТ ва Комиссияи Аврупо оид ба дастгирии раванди ислоҳот дар соҳаи тандурустии ҶТ созишномаи молиявӣ ба имзо расид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дастгирии рушди низоми итттилоотӣ дар бахши тандурустӣ ба ҳукумат дар таҳияи лоиҳаҳо аз рӯи тарзу усули байнулмилалӣ кӯмак хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, тибқи созишнома, дар зарфи ду сол баҳри мусоидат ба роҳандозии ислоҳот дар бахши тандурустӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 1 млн. Евро кӯмаки техникӣ расонида мешавад.