Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ба иллати аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», сохтмони ин иншоот боздошта шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ доданд, қарзи ҷониби Тоҷикистон феълан аз 18 млн. $ зиёдтар шуда, он то ҳанӯз пардохт нашудааст ва нерӯгоҳ барои харидории маводи сӯзишворӣ маблағ надорад. «Бинобар набудани маводи сӯзишворӣ қариб тамоми воситаҳои нақлиёти иншоот бекор монданд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз мақомоти раҳбарии нерӯгоҳ оид ба вазъи мавҷуда дар иншоот нахуствазири ҷумҳуриро расман огоҳ сохтааст.