Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - «Иттилои интишоргардида аз ҷониби мақомоти раҳбарии ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» дар бораи аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқ ва бо ин сабаб боздошта шудани сохтмони иншооти мазкур асоси воқеӣ надорад», - гуфт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, воситаҳои пулие, ки барои сохтмони иншоот пешбинӣ шудаанд, тамоман сарчашмаи дигар доранд ва ба пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ вобаста нестанд. «Маблағи сохтмони иншоот аз ҷониби ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Н.Ёдгорӣ мегӯяд, бо назардошти ин нукта, мақомоти раҳбарии нерӯгоҳро зарур аст сабаби таваққуфи корҳои сохтмонӣ дар иншоотро дар ҷойи дигар ҷусутӯҷӯ намоянд. «Айни замон баҳри ҳалли масъалаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида мешаванд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки бо ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ оид ба ҷудо кардани қарзи имтиёзнок гуфтушунид идома дошта, рӯзҳои наздик ин масъала роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 26-уми май мақомоти раҳбарии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» изҳороте пахш сохта, дар он хабар дода буд, ки ба иллати аз ҷониби Тоҷикистон пардохт нагардидани маблағи истифодаи нерӯи барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1», сохтмони ин иншоот боздошта шуд. Дар изҳорот гуфта мешуд, ки қарзи ҷониби Тоҷикистон феълан аз 18 млн. $ зиёдтар шуда, он то ҳанӯз пардохт нашудааст ва нерӯгоҳ барои харидории маводи сӯзишворӣ маблағ надорад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста