Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндаи ширкати « OPPLE »-и Чин Ян Чен масъалаи аз ҷониби ин ширкат дар Тоҷикистон бунёд кардани корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф мавриди баррасӣ қарор гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ иттилоъ доданд, ширкати Чин бо чунин дархост ба палата муроҷиат кардааст. «Дархости онҳо ҷиҳати баррасӣ ба ҳукумати кишвар ирсол гардида, он мавриди ҳаллу фасли мақомоти дахлдор қарор дорад», - гуфт Шариф Саид.

            Дар навбати худ Ян Чен изҳор дошт, ки лампаҳои каммасрафи аз ҷониби ширкат истеҳсолгардида хушсифат буда, дар муддати 8 ҳазор соат муттасил кор карда метавонанд. «Мо ба бунёди чунин корхона дар Тоҷикистон манфиатдорем ва зимни дидору гуфтушунид бо мақомоти раҳбарии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ҷузъиёти ин масъаларо матраҳ хоҳем кард», - гуфт ӯ.