Душанбе. 28-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни мулоқоти вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов бо намояндагони созмонҳои байнулмилалии мададрасони муқими Тоҷикистон масъалаи комёбиҳои ноилгардидаи бахши маориф дар ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи вазорат Ноилшо Миралиев иттилоъ дод, вазир ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф маълумоти муфассал пешниҳод намуда, ба онҳо Барномаи давлатии рушди ин соҳа барои солҳои 2010-2015-ро муаррифӣ кард.
Ба қавли Н.Нуралиев, муовини сардори Раёсати сохтмони асосии вазорат ба ҳозирин оид ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва саҳми созмонҳои мададрасон дар бахши сохтмони асосии ин соҳа гузориш пешниҳод кард. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили тарзҳои нави дастрасӣ ба таҳсил дар макотиби олии маълумоти касбӣ ва таъсиси Маркази миллии санҷиш (тестикунонӣ) таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста