Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар нахустин меҳмонхонаи панҷситорадори Тоҷикистон – «Haytt Regency»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ба кор шурӯъ мекунад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ иттилоъ доданд, ҳайати ҷониби Туркия, ки баҳри иштирок дар ҳамоиш ба Душанбе ташриф овардааст, беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, тибқи барномаи чорабинӣ нахуст мулоқоти дуҷонибаи ҳайати кишварҳо доир гардида, сипас соҳибкорони Тоҷикистону Туркия лоиҳаҳои сармоягузории худро муаррифӣ месозанд. Др нимаи дуввуми рӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз ҳамоиш боздид хоҳанд кард.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи омори ҶТ, муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Туркия дар моҳҳои январ-апрел 57 млн. 786,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста