Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шурӯъ аз нимаи дуввуми рӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе бо реҷаи муқарраррӣ ба фаъолият пардохтанд. Дар ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъори хусусӣ ва бонкӣ харидуфурӯши се асъори асосии хориҷӣ дар қаламрави кишвар – доллари ИМА, рубли русӣ ва евро бомаром идома дорад.
Ҳамин тавр, айни замон дар нуқтаҳои мубодилаи асъор арзиши харидуфурӯши 1 $ - мутаносибан 4,40 ва 4,42, евро – то 6,0 ва 6,5 сомонӣ ва 10 рубли русӣ - 1,40 ва 1,41 сомониро ташкил медиҳад.
Гузашта аз ин, дар қисматҳои серодами шаҳр миқдори зиёди корчаллонҳои алоҳида барои 1 $ аз 4,35 то 4,38 сомнӣ пешниҳод карда, барои фурӯши он 4,36-4,39 сомонӣ маблағ талаб мекунанд.
Қобили зикр аст, ки қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон айни замон каме аз нуқтаҳои мубодилаи асъор болотар аст. Тибқи маълумоти БМТ, айни замон қурби 1 доллари ИМА ба 4,4537 сомонӣ баробар аст. Дар ҳамин ҳол, қурби расмии рубли русиву евро дар БМТ нисбат ба нуқтаҳои мубодилаи асъор поинтар аст (10 рубли русӣ - 1,4726 ва 1 евро – 5,9761 сомонӣ).
Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахти ҷумҳурӣ аз баргузории амалиёт бо асъори хориҷӣ - ҳам харидуфурӯши доллари амрикову ҳам евро муваққатан худдорӣ карда буданд ва сабаби чунин вазъро дар ноустувории қурби асъори миллии кишвар нисбат ба доллари ИМА шарҳ дода буданд. Дар БМТ аз шарҳи вазъ худдорӣ намуда, изҳор дошта буданд, ки БМТ оид ба афзоиш ё коҳиши қурби асъори миллӣ ҳеҷ амалиётеро роҳандозӣ накардааст.
Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор коҳиши қурби долларро ба кам шудани талабот ба доллари ИМА нисбат доданд. «Бо барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи заминӣ миёни Тоҷикистону Чин, соҳибкорони тоҷик акнун бештар сомониро на ба доллари ИМА, балки ба юани Чин иваз месозанд, зеро дар Чин бо ин асъор молу маҳсулот мехаранд», - гуфт корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор дар маҳаллаи Гулистон Саид Ашӯров.
Ҳамчунин ақидаҳое мавҷуданд, ки гӯё ба бозори нақди асъори ҷумҳурӣ ҳаҷми зиёди доллари ИМА ворид гардида, боиси коҳиши қурби он шудааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста