Душанбе. 30-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз президенти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи пардохти қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор фармон ба имзо расонид, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:

         «Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварз ӣ , амал ӣ намудани ислоҳоти минбаъдаи он ва дастгирии молиявии субъектҳои хо ҷ агидории соҳа фармон медиҳам:

1. Қарзи субъектҳои хо ҷ агидории Ҷ умҳурии То ҷ икистон дар соҳаи пахтакор ӣ , ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузор ӣ ба амал омадаанд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан (дисконт), ба таъхир гузоштан ва тамдиди м ӯ ҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои дарозмуддати қиматноки давлат ӣ ҳал карда шавад». Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.