Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта дар Душанбе қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ тағйир наёфт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт чун нимаи дуввуми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта барои 1 $ аз 4,35 то 4,40 сомонӣ пешниҳод мекунанд. Нархи фурӯши 1 $ ба 4,40 – 4,45 сомонӣ баробар аст.

            Дар ҳамин ҳол, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда буд, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта аз 4,4537 то 4,3743 поин рафт.

            Мувофиқи маълумоти БМТ, бинобар афзоиши талабот ба асъори миллӣ дар бозори дохилибонкӣ ва байнибонкӣ низ қурби доллари ИМА аз 4,52 то 4,35 сомонӣ коҳиш ёфтааст. «Тамоили мазкур, ки бар асоси тағйирот дар бозор ташаккул меёбад, хусусияти устуворро ба худ касб карда истодааст», - гуфта мешавад дар маълумоти БМТ.