Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» -   Аз р ӯ и маълумоти Созмони байналхалқии меҳнат, т ӯ ли солҳои оянда шумораи бекорон дар мамлакатҳои ИДМ ва Ҷ анубу Шарқи Аврупо то 35 фоиз зиёд хоҳад гашт. Шумораи онҳо соли равон аз 210 то 239 миллион нафарро ташкил медиҳад. Соли 2008 дар саросари ҷ аҳон зиёда аз 190 миллион нафар бекор буд.

Ба қавли коршиносони Созмони байналхалқии меҳнат, вазъияти бозори меҳнат торафт муташанни ҷ тар мегардад. Моҳи март хабар дода шуда буд, ки дар нати ҷ аи б ӯ ҳрони ҷ аҳонии молияв ӣ соли 2009 сафи бекорон нисбат ба соли 2007 аз 24 то 54 миллион нафар зиёд хоҳад шуд. Вале имр ӯ з изҳор карда мешавад, ки соли 2009 теъдоди бекорон аз 39 то 59 миллион нафарро ташкил дода метавонад.

Дар робита мамлакатҳои ҷ аҳон даъват карда мешаванд, ки барои пешгирии бекор ӣ ва кам шудани музди кору маоши коргарон тадбирҳои қатъ ӣ ва судбахш андешанд. Аз ҷ умла, ба мамлакатҳо тавсия дода мешавад, ки сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншоотҳоро афзоиш дода, бо ҳамин васила ҷ ойҳои нави кор муҳайё созанд.

Созмони байналхалқии меҳнат аз 3 то 19 июн бахшида ба проблемаҳои бекор ӣ конфронси байналхалқ ӣ баргузор месозад.

Созмони байналхалқии меҳнат бо назардошти б ӯ ҳронҳои гузашта чунин мешуморад, ки ҷ араёни барқарор сохтани бозори меҳнат баъди ба охир расидани б ӯ ҳрон аз чор то пан ҷ сол давом мекунад. Қайд карда мешавад, ки ҳар сол ба бозори меҳнати мамлакати ҷ аҳон 45 миллион нафар дохил мегардад. Ин чунин маъно дорад, ки дар давоми солҳои 2009 - 2015 барои бо кор таъмин намудани онҳо 300 миллион ҷ ойи нави кор ташкил намудан лозим аст. Дар ин бора бо истинод ба маркази иттилооти СММ АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.