Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори қаламрави Тоҷикистон ҷашни Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.

            Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар Боғи кӯдакон барои тарбиятгирандагони кӯдакистону мактабҳо намоишоми театрикунонидашуда ва чорабиниҳои хайрия гузаронида мешавад. Имрӯз консерти дастаҳои ҳунарии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе барпо гардида, аз озмунҳои ба муносибати ҷашн доиргардида натиҷагирӣ карда мешавад.

            Ин дақиқаҳо аз ҷониби Бунёди хайрияи «Сарпараст» барои зиёда аз 2,5 ҳазор нафар тарбиятгирандаи хона-интернатҳои кӯдакони пойтахт ва кӯдакони оилаҳои камбизоат чорабинии идона ва зиёфат баргузор шуда истодааст.

            Муовини сарвари бунёд Диловар Қурбонов мегӯяд, имрӯз ҳамчунин хатнатӯйи 600 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ барпо мегардад.

            Имрӯз ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳкумати ҶТ барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт чорабиниҳои идона ва зиёфатҳо ташкил мегарданд.