Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён задухӯрди марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон ба вуқӯъ пайваст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ доданд, субҳи рӯзи 1-уми июн дар қаламрави таҳти назорати гузаргоҳи Панҷи-Поён қарордошта гурӯҳи қочоқбарони афғон тавассути рӯдхонаи Панҷ мехостанд марзи давлатии Тоҷикистонро убур намоянд, вале аз чашми сарҳадбонон пинҳон шуда натавонистанд. «Миёни марзбонону қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, як қочоқбар ҳалок ва як марзбон захмӣ шуданд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки қочоқбарони боқимонда ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷойи ҳодиса 10 кило афюн ва 1 адад туфанчаи Макаров дарёфт шуд. «Роҳбарии гурӯҳи мазкурро шаҳрванди Афғонистон Қорӣ валади Ҳошим ба ӯҳда дошта, ин гурӯҳ якчанд маротиба дар сарҳад қонуншиканӣ кардааст», - афзуд манбаъ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста