Кӯлоб. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Агроном-коршиноси шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Амонатбонк» Раҷабалӣ Кулабеков бар ин назар аст, ки фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ мантиқан хеле дурусту саривақтӣ аст.
Номбурда мегӯяд, ягон солеро дар хотир надорад, ки ширкатҳои фючерсӣ саривақт музди меҳнати кишоварзонро дода, пахтакоронро бо маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда бошанд ва маҳз ин ширкатҳо сабабгори ба қарз ғӯтидани хоҷагиҳо шуданд. «Ширкатҳои фючерсӣ ба таври сунъӣ арзиши маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералиро баланд бардошта, мӯҳлатҳои саривақт таъмин кардани онро риоя намекарданд», - гуфт ӯ.
Коршинос афзуд, феълан вазъ тамоман дигаргун аст ва дар мавсими соли гузашта 226 хоҷагии деҳқонӣ мустақиман аз бонкҳо қарз гирифта, 200 хоҷагӣ аз ӯҳдаи иҷрои нақша баромадаанд. «Барои ҳалли пурраи мушкилоти соҳаи пахтакорӣ мебояд дар баробари ҳалли масъалаи қарзҳои пешина, ҳамчунин масъалаи фурӯши маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳоро низ ҳаллу фасл намуд», - изҳор дошт Кулабеков.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста