Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ба санаи 1-уми июни соли ҷорӣ ҳаҷми маблағи ҷудогардидаи бонкҳо ба бахши кишоварзӣ ҳудуди 34 млн. сомониро ташкил дод.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз раёсати сиёсати иқтисодӣ ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ иттилоъ доданд, феълан бонкҳои кишвар ба маблағи умумии 105,2 млн. сомонӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ дар соли равон қарордодҳо ба имзо расонидаанд. «Беш аз 29 млн. сомонии ба кишоварзон ҷудогардида маблағҳои буҷа буда, каме бештар аз 4 млн. сомонӣ маблағҳои беоситаи бонкҳост ва боз 1 млн. 160 ҳазор сомонӣ тавассути ширкатҳои фючерсӣ дода шудааст», - афзуданд дар вазорат.

            Бино ба иттилои манбаъ, аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба деҳқонон ҷудогардида то имрӯз хоҷагиҳо 65 ҳазору ҳазору 359   сомонӣ маблағи асосии қарз ва 5 ҳазору 458 сомонӣ маблағи фоизҳоро пардохт намудаанд.