Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар дафтари саҳроии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Владимир Пряхин ва мушовири сиёсии созмон Франк Йохансен бо намояндагони аҳзоби сиёсии вилояти Суғд ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дфтари САҲА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар вохӯрии бахшида ба анҷоми ваколати Владимир   Пряхин ба сифати сафири САҲА дар ҶТ роҳбарон ва намояндагони шӯъбаҳои ҲДТ, ҲСДТ, ҲХДТ, ҲНИТ, ҲКТ ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҷомеаи шаҳрвандӣ» ширкат варзиданд. Дар суханронии худ В.Пряхин изҳор дошт, ки бо муроҷиати муштараки шӯъбаҳои аҳзоби сиёсии вилоят ба президенти кишвар ҷиҳати ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ» шинос шудааст.

            Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба як қатор норсаоиҳо дар қонуни мазкур, аз ҷумла, маблағи гаравпулии зиёд барои иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ изҳори нигаронӣ карданд. Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон қайд кардааст, ки ташаббуси мазкур гувоҳи фаъолияти пурсамари шӯъбаҳои вилоятии ҳизбҳо мебошад ва ба таъмини баробарҳуқуқӣ дар интихобот равона гардидааст.