Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода изҳор дошт, ки беқурбшавии асъори миллӣ зери таъсири омилҳои беруна сурат гирифта, он натанҳо падидаи манфӣ, балки мусбатро низ дорост. «Аксари кишварҳо, аз ҷумла Русияву Қазоқистон бо мақсади ҳифзи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дастгирии рақобатпазирии маҳсулоти онҳо дар бозор ба беқрубшавии асъори миллӣ рӯ оварданд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, дар сурати беқурбшавии асъори миллӣ, воридот ва фурӯши молҳои хориҷӣ фоидаовар нахоҳад буд ва аз ин рӯ, он ба роҳандозии истеҳсоли мол дар дохили ҷумҳурӣ мусоидат карда, мутаносибан ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, афзоиши воридоти маблағ ба буҷа ва кам гардидани вобастагӣ ба омилҳои берунӣ боис мегардад. «Поинравии босуръати қурби асъори миллӣ дар натиҷаи коҳиши ҳаҷми маблағи фурӯши маҳсулоти содиротӣ ва кам шудани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба вуҷуд омад ва он мутобиқи тамоилҳои бозор сурат мегирад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки баҳри сабук гардонидани таъсири тағйирёбии фавқулоддаи қурби он Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои дар ихтиёр доштаашро истифода хоҳад бурд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста