Хуҷанд. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилояти Суғд идома дорад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, моҳи май муҳоҷирони суғдӣ ба ватан 40,6 млн. доллари ИМА интиқол доданд, ки дар муқоиса бо ҳамин моҳи соли гузашта 20 млн. $ камтар аст.  

            Шурӯъ аз оғози сол муҳоҷирони меҳнатии вилояти Суғд 161,7 млн. $ маблағ фиристоданд ва ин дар ҳолест, ки ин рақам дар 5 моҳи соли гузашта ба 227, 1 млн. $ баробар буд. Дар ин давра 107 ҳазору 362 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ ба вилоят баргаштанд.