Душанбе . 5- уми июн - Раиси ҷ умҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико , Барак Обама , паёми худро ба мусулмонони ҷ аҳон бо даъвати як оғози нави муносибатҳо шур ӯ ъ кард .

Раиси ҷ умҳури Амрико, Барак Обама, дар паёми таърихияш дар Қоҳира хостори тафоҳуми беҳтар миёни Иёлоти Муттаҳида ва олами ислом шуд. Аммо ҳамзамон иқрор кард, ки ягон суханрон ӣ наметавонад, нати ҷ аи нобоварии чандинсоларо аз байн барад ва якшаба ҷ аҳонро тағйир диҳад.

Тағйир, ба гуфтаи Обама, бар пояи рост ӣ , иқрору эътироф, эҳтироми тарафайн ва ҳамкор ӣ имконпазир хоҳад шуд. Ва аз ҳама бартар замоне имконпазир хоҳад шуд, ки гузаштаро ба гузашта бигузошт ва бо чеҳраву дили боз ояндаро пешвоз гирифт.

Ин усул, ки дар нутқи Обама борҳо ба шаклҳои гуногун зикр ёфтанд, тақрибан ба ҳамаи масъалаҳои мав ҷ удаи байни Ғарб ва ислом дахл мекунанд.

Бо ишора ба давраи мустамликадор ӣ , ки имконияти бисёре аз мусулмононро маҳдуд кард ва Ҷ анги сарди байни абарқудратон, ки давлатҳои мусулмонро ба м ӯ ҳраҳо табдил дод, Обама гуфт, рушди муосир ва ҷ аҳонишав ӣ Ғарбро дар чашми бисёре аз мусулмонон ба ҳайси душмани анъанаҳои ислом ӣ падид овард.

Ба гуфтаи Обама, аз чунин вазъият тундгароён ба суди худ истифода

карданд ва ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 беэътимодиро хусумат табдил доданд. Раиси ҷ умҳури Амрико афзуд, кишвараш мақсад надорад, нер ӯ ҳои худро дар Ироқу Афғонистон дурудароз нигоҳ дорад ва сарбозони амрико ӣ бояд ба хонаи худ баргарданд, аммо тундгароии хушунатомез низ бояд қатъ шавад, зеро ҳамаи динҳо қатлу кушторро маҳкум мекунанд.

Обама аз Қуръон, китоби муқаддаси мусулмонон, нақли қавл кард, ки куштани ҳатто як инсон ба маънии куштани аҳли башар аст. Ин гуфтаҳои ӯ ва таъкиди эҳтиромаш ба ислому ҳимояи давлати Амрико аз шаъни ислом ва ҳаққи мусулмонони ин кишвар ва такрори нақшааш ба бастани маҳбаси Гуантанамо ва манъи шикан ҷ аи боздоштшудагон мав ҷ и кафк ӯ биҳоро ба миён овард.

Обама гуфт, вақте ба гузашта фикр мекунем, набояд дар ҳабси гузашта биафтем: "То замоне ки тафовутҳои мо муайянкунандаи муносибатҳои моянд, мо онҳоеро нер ӯ манд мекунем, ки тухми нафрат мекоранд, на сулҳ ва низоъро густариш медиҳанд, на ҳамкориро, ки метавонад ба мардуми мо дар расидан ба адлу шукуфо ӣ к ӯ мак куанд. Ин гирдгардони шубҳа ва нифоқ бояд хотима ёбад."

Президент Обама гуфт, ки бастагиҳои қавии Амрико бо Исроил маъруф ва шикастнопазир буда, ба пайвандҳои фарҳанг ӣ ва таърих ӣ бино ёфтаанд ва ба эътирофи ҳаққи яҳудиҳо ба сарзамин, ки аз таърихи раднопазири фо ҷ иавии онҳо маншаъ мегирад. Аммо, афзуд ӯ , вазъи мардуми фаластин ӣ низ "таҳаммулнопазир" аст ва Амрико аз омолу талошҳои қонунии фаластиниҳо р ӯ намегардонад.

Амрико рад кардани "Ҳолокост" ва ҳаққи ҳастии Исроилро комилан ғалат медонад ва қонунмандии идомаи шаҳраксозии Исроилро, ҳамчун кори хилофи созишҳои қабл ӣ , низ қабул надорад. Обама изофа кард, ки тарафҳо бояд барои и ҷ рои шартҳои сулҳи мавсум ба "Харитаи роҳ" даст ба кори амал ӣ зананд ва паҳлуи ҳам дар сулҳу амният ба сар баранд. Исроил ҳаққи фаластиниҳоро эътироф ва эҳтиром кунад ва фаластиниҳо хушунатро рад намоянд. "Хушунат роҳе ба бунбаст аст."

Обама гуфт: "Амрико сиёсатҳои худро бо онҳое радиф мекунад, ки дар пайи сулҳанд ва ончиро, ки дар танҳо ӣ ба исроиливу фаластиниҳо ва арабҳо мег ӯ яд, дар мазҳари ом низ мег ӯ яд. Мо наметавонем, сулҳро таҳмил кунем. Аммо, ба таври хусус ӣ бояд гуфт, бисёре аз мусулмонон эътироф мекунанд, ки Исроил наметавонад аз байн равад. Ҳамчунон, бисёре аз исроилиҳо зарурати давлати Фаластинро эътироф мекунанд. Ҳоло пайтест, ки барои онч ӣ кор кунем, ки ҳама медонанд, ҳақиқат аст."

Пас аз хушунату тандгаро ӣ ва низоъи арабу Исроил, Барак Обама барномаи ҳастаии Эронро манбаъи савуми шиддат миёни Амрико ва ҷ аҳони ислом номид. Ва дар ин ҷ о низ хостори раҳо ӣ аз ҳабси хотираҳои гузаштаву иқдом ба оғози тоза ва ҳаракат ба пеш шуд. Ва байни талошҳои шубҳаангези дастёфт ба силоҳи ҳаста ӣ ва истифодаи осоиштаи нер ӯ и атом фарқи бузург гузошт.

Корбурди сулҳомези нер ӯ и ҳастаиро ҳаққи ҳар як кишвар номид, аммо сабқати силоҳи ҳастаиро бузургтарин хатари ҷ аҳон ӣ . Гуфт, эътирозҳоеро мефаҳмад, ки чаро бархе аз кишварҳо бояд силоҳи ҳаста ӣ дошта бошанд ва бархи дигар на. Амрико дар пайи ҷ аҳонест, ки ягон кишвар силоҳи ҳаста ӣ надошта бошад.

Қисми чаҳоруми нутқашро, раиси ҷ умҳури Амрико, ба масъалаҳои демократия, ҳуқуқи инсон, вазъи занон, ҳамкориҳои фарҳангии Амрико ва ҷ аҳони мусулмон бахшид. Вай гуфт, меъёрҳои ҳуқуқи инсон на ихтироъҳои Амрико, балки арзишҳои умумибашариянд, аммо ягон давлат набояд ин ё он низоми давлатиро ба давлати дигар бор кунад. Аммо ин пойбандиро ба ҳақиқате, ки ҳукуматҳо бояд бозтоби иродаи мардум бошанд, кам намекунад.