Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавриди шарҳи паёми президенти ИМА ба кишварҳои мусулмонӣ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Воҳидхон Қосиддинов изҳор дошт, ки дар роҳандозии муносибат бо ҷаҳони ислом Амрико набояд танҳо ба кишварҳои арабӣ такя намояд.

Ба қавли В.Қосиддинов, мухолифат миёни ИМА ва ҷаҳони мусулмонӣ танҳо дар сурате ба таври мусбат ҳал хоҳад гардид, ки Амрико муносибаташро натанҳо бо кишварҳои мусалмони араб, балки бо дигар кишварҳои ҷаҳони ислом, аз ҷумла, Эрон низ роҳандозӣ созад. «Ман аз он тааҷҷуб мекунам, ки Барак Обама дар суханронии худ Исроилро чун кишвари ҷабрдида арзёбӣ мекунад ва бо чунин тарзи назар ба мунсибати созанда умед бастан душвор аст», - гуфт ӯ.

Номбурда афзуд, барои даст ёфтан ба комёбӣ дар муносибат бо ҷаҳони ислом Амрикоро зарур аст, аз амалиёти низомӣ ба муқобили кишварҳои исломӣ даст кашад.