Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон иттиҳодияи ҷамъиятии тоторҳо таҳти унвони «Умед» ба қайд гирифта шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раиси иттиҳодия Ренат Сайфуддинов иттилоъ дод, тавсеъа ва таҳкими робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ҷамъиятӣ миёни Тоҷикистону Тотористон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷамъият маҳсуб мегарданд. «Дар иттиҳодия ба роҳандозии омӯзиши забони тоторӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Р.Сайфуддинов, феълан дар тамоми шаҳрҳои Тотористон диаспораҳои тоҷикон мавҷуд буда, аъзои он дар муассисаҳои таълимии Тотористон таҳсил мекунанд, ки ин гувоҳи муносибати неку дӯстона миёни мардуми тоҷику тотор аст. «Дар ҳамдастӣ бо ҳукумати ҶТ, сафорати Русия дар Тоҷикистон ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки дар таҳкими дӯстии халқҳоямон саҳм гирифта, бо дигар марказҳои милливу фарҳангӣ робитаи зич барқарор созем», - афзуд раиси иттиҳодия.