Душанбе. 8-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон то ҳанӯз интиқоли барқ ба Ӯзбекистонро шурӯъ накардааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ШСХК «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, иллати оғоз нагардидани интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя дар он аст, ки то ҳанӯз бо сабабҳои номаълум мақомоти дахлдори Ӯзбекистон оид ба ин масъала ба Тоҷикистон муроҷиате накардаанд. «Мо барои интиқоли барқ ба кишвари ҳамсоя омодаем ва боварӣ дорем, ки он рӯзҳои наздик шурӯъ хоҳад шуд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ, дар мавсими тобистон ҷумҳурии мо ӯҳдадор шудааст, ки ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 450 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол диҳад. «Аз 27-уми феврал то 1-уми майи соли ҷорӣ ба кишвари мо аз Ӯзбекистон 251 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид шуд», - изҳор доштанд дар ширкат.

Тибқи созишнома, дар мавсими баҳор аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бояд дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардид ва мутаносибан ҷониби Ӯзбекистон феълан ба миқдори 50 млн. кВт/соат аз Тоҷикистон қарздор мондааст, ки бояд тирамоҳ онро баргардонад.